ҲАМСОЯДОРӢ
Сафари пур аз хотирот ба Ӯзбекистон
Боздид аз корхонаҳои азими саноатӣ, шиносоӣ бо пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳандозии ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ, дидору гуфтугӯ бо намояндагони Марказҳои миллию фарҳангии тоҷикон дар шаҳрҳои Тошканду Бухоро ва Самарқанд аз ҷумлаи барномаи сафар буданд.
Воқеияти рӯзҳои мо
Агар солҳои пеш барои рӯзноманигорони тоҷик рафтан ба Ӯзбекистон кори саҳлу содда набуд, ҳоло дигар ин воқеияти рӯзҳои мо шудааст.

Боздиди расонаии сарварону сармуҳаррирони ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин роҳбарони студияи истеҳсолӣ ва оҷонсии рекламавӣ тобистони соли ҷорӣ баргузор шуд. Мактаби мустақили рӯзноманигории "Тоҷикистон – асри XXI" барои иштирокдорон аккредитатсияи муваққатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дастрас кард.

Субҳи барвақт савори ҳавопаймои "Сомон-Эйр" ба шаҳри Тошканд парвоз кардем. Се сол қабл парвози озод аз Душанбе ба фурудгоҳи Тошканд як кори ғайримумкин буд. Ҳоло на танҳо тавассути роҳи заминӣ, балки бо ҳавопаймо ва ҳамагӣ дар 45 дақиқа ба пойтахти ҳамсоякишвар расидан имкон дорад.
Муносибатҳои дуҷониба дар яку ним соли охир ба таври назаррас беҳбуд ёфтаанд, ки ин боиси хушнудии сокинони ду сӯйи марз гардидааст. Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ва нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон (17-18 августи соли 2018) аксари мушкилоти ҷойдошта бартараф шуда, байни ҳукуматҳову мақомоти ду кишвар беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Садое аз садаи пеш
Нахустин мулоқоти мо дар шаҳри Тошканд бо ҳайати эҷодии "Овози тоҷик" буд. Баробари вуруд ба идораи рӯзнома шумораҳои тозанашри онро ба даст гирифтем. Аҷаб эҳсосе! Шояд бовар кардан мушкил аст, аммо ҳамин рӯзнома 95 сол инҷониб (аз 25-уми августи соли 1924) дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ нашр мешавад.
Зимни вохӯрӣ сармуҳаррири "Овози тоҷик" Шерпӯлод Вакилов гуфт, ки дар сафаҳоти он масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ пешниҳоди хонандагон мешавад. Айни замон рӯзнома ҳафтае ду маротиба ва бо теъдоди қариб 2000 нусха чоп мешавад.
Воқеан, номи "Овози тоҷик" барои ману хонандагони рӯзномаи "ИмрӯзNews" хеле шинос аст. Чанд сол қабл бо кӯшиши рӯзноманигор ва шоири маъруфи тоҷик Исфандиёри Назар тақрибан кулли матолиби солҳои аввали нашри ин рӯзнома ба хатти сирилик баргардон ва дар зиёда аз 300 шумораи "ИмрӯзNews" чоп шуда буд.
Назири Нусрат
Сармуҳаррири рӯзномаи "ИмрӯзNews"
Мулоқоти баъдии мо бо роҳбарияти Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Маркази бозомӯзии рӯзноманигорон, инчунин сарварону сармуҳаррирони ВАО буд, ки дар Маркази миллии матбуот баргузор шуд.
Рушди сайёҳӣ
Дар идомаи рӯзи аввали боздиди расонаӣ ба Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтем. Тибқи маълумоте, ки муовини раиси Кумитаи мазкур Саидакбархон Акбаров пешниҳод кард, дар солҳои охир вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ва даромади кишвару сокинонаш афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври назаррас фарқ мекунад: аз теъдоди умумии шаҳрвандони воридшудаи тоҷикистонӣ дар соли 2018 мақсади сафари 28342 нафар сайёҳӣ будааст.
Роҳандозии ислоҳот ва беҳтар кардани зербинои соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон боиси афзоиши теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ шуд. Соддагардонии дарёфти раводид ва ҷараёни бақайдгирӣ, пешниҳоди имтиёзу ҳавасмандсозии ширкатҳои сайёҳӣ, боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ, густариши ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аз ҷумлаи чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар мебошад.
Саидакбархон Акбаров
Муовини раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Зимни тадбирҳои андешидаи давлат шумораи ширкатҳои сайёҳӣ 75% афзудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар Ӯзбекистон 983 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарият дорои имтиёзҳои соҳавӣ ҳастанд. Ин омил, дар навбати худ, хизматрасонии сайёҳиро бештару хубтар кардааст.
Вақте дари ҳамкорӣ боз шуд...
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар се соли охир муносибатҳои дуҷонибаро комилан тағйир дода, ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд.

Бино ба маълумоте, ки Вазорати иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон пешниҳод кард, танҳо дар соли 2018 гардиши савдои байни ду кишвар 64% афзуда, 389 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба ҷуз ин, тайи ду соли охир таъсиси корхонаҳои муштарак 3,5 маротиба (45 адад) зиёд шудааст. Дар ин вазорат муҳим мешуморанд, ки раванди мазкур бо ҳамин суръат нигоҳ дошта шуда, гардиши тиҷоратӣ дар соли 2019 ба сатҳи на кам аз 500 миллион доллари ИМА расонида шавад.
"Фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Шӯрои кории Ӯзбекистону Тоҷикистон механизми самарабахши пешбурди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ мебошад. Барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо (Тошканд-Душанбе ва баръакс), роҳандозии хатсайрҳои мусофиркашонӣ (Тошканд-Хуҷанд-Тошканд, Панҷакент-Самарқанд ва ғайра), инчунин фаъолшавии гузаргоҳҳои нақлиётиву роҳи оҳан аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон роҳи оҳани байнидавлатии "Fалаба – Амузанг – Хошадӣ" аз нав ба фаъолият пардохт, ки дар кашонидани молу маҳсулот нақши муҳим дорад", - омадааст дар маълумоти Вазорати иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Дар рӯзи аввали боздид ҳамчунин мулоқоти намояндагони расонаҳои тоҷикистонӣ бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Ислом Жасимов баргузор шуд. Номбурда оид ба чорабиниҳои муштараки иқтисодӣ, форумҳои тиҷоративу намоишгоҳҳои истеҳсолӣ, ташкил ва иштирок дар ҳамоишҳои байни манотиқи ҷумҳуриҳо ва имзои асноди ҳамкорӣ миёни истеҳсолгарону тоҷирони ду кишвар суҳбат кард.
Бо назардошти имконоте, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон доранд, қонеъ шудан ба дастовардҳои имрӯза барвақт аст. Хеле барномаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ ҳастанд, ки дар оянда амалӣ кардани онҳо пешбинӣ шудааст.
Ислом Жасимов
Муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон
Истифодаи таҷрибаи Artel
Дар рӯзи дуюми сафар бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии "Артел", воқеъ дар шаҳри Тошканд шинос шудем.

Муовини сарвари ҶДММ "Artel Engineering and Management" Бектемир Муродов гуфт, ки дар ин ҷо яхдон ва дастгоҳи либосшӯӣ, қисмҳои зарурии таҷҳизот аз плостик, шиша ва фулузот, инчунин маҳсулоти бастабандӣ бо истифода аз пенопласт истеҳсол мешавад. Ҳамзамон якчанд корхонаи ширкати мазкур дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон фаъолият карда, телевизор, кондитсионер, телефони ҳушманд, оташдони газию барқӣ, чангкашак, обгармкунаки барқӣ, дастгоҳи равшанидиҳанда, чойники обҷӯшонӣ, дарзмол, дудбарои ошхона ва ғайра тавлид мекунанд. Маҳсулоти ин ширкат дар баробари таъмини талаботи дохилии Ӯзбекистон, ҳамчунин ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Русия, Беларус, Украина ва Латвия содирот мешавад.
Содироти таҷҳизоти маишии ин корхона ба Тоҷикистон соли 2016 оғоз гардида, сипас ҶДММ "Хонаи савдои Артел" ва 4 нуқтаи савдо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин марказҳои фурӯш дар аксар бозорҳои кишвар таъсис ёфтааст.
Ҳаҷми содироти маҳсулоти «Артел» ба Тоҷикистон: дар соли 2018 – $6,3 млн. ва дар моҳҳои январ-майи соли 2019 – $1,9 млн.
Ба гуфтаи масъулони корхона, афзоиши талабот ба маҳсулоти он боис шудааст, ки ҶДММ "Artel Engineering and Management" (Ӯзбекистон) ва ҶДММ "Avesto Group" (Тоҷикистон) як корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли таҷҳизоти маишии бренди "Артел" дар шаҳри Душанбе таъсис диҳанд.

"Дар марҳилаи аввали ин лоиҳа истеҳсоли дастгоҳҳои обгармкунӣ ва чангкашакҳои барқии бренди "Артел" бо иқтидори тавлидотии 200 ҳазор адад дар сол ба нақша гирифта шудааст. Оғози истеҳсолот дар моҳи декабри соли 2019 пешбинӣ шудааст. Вобаста ба татбиқи муваффақонаи марҳилаи аввал, сармоягузорони ду кишвар ба истеҳсоли навъҳои дигари маҳсулот шурӯъ мекунанд", - гуфтанд масъулони ширкат.
Вазъи тоҷикони маҳаллӣ
Шиносоӣ бо фаъолияти Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ҷузъи барномаи боздиди расонаӣ буд. Зимни мулоқот раиси он Ҷаъфари Муҳаммад бо шукргузорӣ аз беҳтар шудани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дар бораи ҳамкории фарҳангиёни ду кишвар, фаъолияти ҷории Марказ ва масоили ҳалталаби тоҷикони маҳаллӣ сухан ронд.
Номбурда аз вазъи таҳсил дар синфҳои тоҷикии мактабҳои Ӯзбекистон изҳори нигаронӣ кард: шароити синфхонаҳо дар як қатор минтақаҳои кишвар паст буда, теъдоди муаллимони тоҷикзабон нокифоя аст ва сатҳи саводнокии мардум поин рафтааст. Дар ин бора номаю аризаҳои сокинон аз деҳоти дурдаст ва шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишин ба Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ворид шудаанд. Айни ҳол дар Ӯзбекистон 245 мактаб ба забони тоҷикӣ таълим медиҳанд (қисме аз онҳо пурра ба тоҷикӣ ва бархеи дигар ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ).
Вазъияти мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон бояд беҳтар карда шавад.
Ҷаъфари Муҳаммад
Раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон
Зикр шуд, ки ҳоло рӯзномаҳои "Овози тоҷик" (Тошканд), "Овози Самарқанд" (Самарқанд), "Ховар" (Тирмиз) ва "Садои Сӯх" (Фарғона), инчунин барномаҳои тоҷикии телевизион ва радиоҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ василаҳои асосии таблиғи забону адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар Ӯзбекистон маҳсуб мешаванд.

Маълумоти расмӣ мавҷуд нест, ки дар ҳамсоякишвар чӣ теъдод шоиру нависанда ва умуман, фарҳангиёну эҷодкорон ба забони тоҷикӣ таълиф мекунанд. Ба гуфтаи Ҷаъфари Муҳаммад, теъдоди онҳо беш аз 500 нафар аст.
Сайругашти Бухоро
Шомгоҳ аз Тошканд савори қатораи баландсуръати "Афросиёб" (то 230 км/с) тақрибан дар сею ним соат ба шаҳри Бухоро расидем. Ин қатора яке аз дастовардҳои мусофиркашонӣ дар ҳамсоякишвар аст, ки ҳамарӯза дар хатсайри Тошканд-Самарқанд-Бухоро-Самарқанд-Тошканд ва самтҳои дигар ҳаракат мекунад. Фосилаи роҳи оҳан аз Тошканд то Бухоро зиёда аз 600 км буда, яке аз муҳимтарин хатсайрҳои сайёҳии Ӯзбекистон дониста мешавад.

Дар Бухоро моро бо карнайю сурнай пешвоз гирифтанд. Ҳанӯз қатора ист накарда, садои ошнои мусиқии мардумӣ баланд шуд: "хуш омадед"-гӯиҳои тоҷикона ва пазироии самимии пешвозгирандагон...
Чун ба меҳмонхона расидем, маслиҳат ин шуд, ки ҳар касе хоҳиш дорад, метавонад ба сайругашти шаҳр барояд.

Тамошои шабонаи Бухоро аҷаб кайфияте дорад. Ин ҷо оромии комил ҳукмфармост. Лаҳзае назди Манораи Калон нишастану ба умқи таърих фурӯ рафтан, даст ба дарвозаи Мадрасаи Мири Араб гузоштану худро дар симои Устод Айнӣ тасаввур карданро солҳои зиёд орзу доштем, ки акнун амалӣ шуд. Ҳаяҷоне, ки ҳар яки моро баробари дидани биноҳои таърихӣ фаро мегирифт, тасвирношуданист. Худи ҳамин эҳсос, ки дар кӯчаҳои "гаҳвораи тамаддуни Осиё" қадам мезанед, касро ба андеша мебарад: чӣ ганҷинаи пурарзишеро гузаштагонамон ба мерос мондаанд.
Дар қадамҷойи бузургон
Замоне дар кӯчаҳои ин шаҳри куҳан Исмоили Сомониву Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Устод Айниву Аҳмади Дониш ва даҳҳои дигар бузургони миллат қадам мезаданд. Тамошои ин мавзеъҳо таърихи пурғановатро пеши рӯ меорад.

Субҳидам нахуст ба зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ – асосгузори аввалин кишвари мутамаркази тоҷикон рафтем. Оромгоҳи ӯ яке аз маъруфтарин мавзеъҳои таърихии Бухорост ва беш аз 1100 сол инҷониб пойбарҷост. Он тақрибан дар маркази шаҳри қадима ҷойгир буда, сайёҳони хориҷӣ ҳамарӯза ба зиёраташ меоянд.
Мақбара ҳамагӣ як даромадгоҳ дошта, миёнҷойи дохили он Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хоби абадист. Бо як каф дуо хотираи ин марди бузургро гиромӣ доштем ва аз мақбара берун шудем.
Худи ҳамон рӯз аз Чашмаи Аюб, Арк, Манораи Калон, Мадрасаи Мири Араб, Мадрасаи Кӯкалдош, Лаби ҳавз, тоқҳои Саррофон, Заргарон ва Телпакфурӯшон, Ситораи моҳи хоса, Мақбараи Баҳоуддини Нақшбанд ва ғайра боздид кардем.

Сокинони маҳаллӣ изҳор медоранд, ки ба туфайли сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти нави ҳукумати Ӯзбекистон дар ду соли охир вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Бухоро хеле афзуда, ҳамзамон таъмиру азнавсозии ёдгориҳои таърихӣ авҷ гирифтааст.
Наздики шом дар саҳни Мадрасаи Нодир девонбегӣ бо намояндагони Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Бухоро дидору гуфтугӯ кардем ва аз тамошои намоиши ҳунарӣ ҳаловат бурдем.
Истеҳсоли об аз ҳаво
Дар саҳни "Хонаи меҳрубонӣ" барои ятимону бепарасторон бо насби дастгоҳи махсус аз ҳаво оби ошомиданӣ истеҳсол мекунанд.

Ин дастгоҳи ширкати "Watergen" аз кишвари Исроил оварда шуда, алҳол дар низоми таҷрибавӣ кор мекунад. Агар давраи санҷишӣ хуб гузарад, чунин дастгоҳ дар дигар минтақаҳои гарми ҷумҳурӣ ҳам насб мешавад. Ҳамсоякишвар ба ин васила мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданиро қисман ҳал карданист.

Ба маълумоти Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон, ин дастгоҳ дар як рӯз қариб 900 литр об истеҳсол мекунад.
Корхонаи шоҳибофӣ
Дар идомаи боздид аз Бухоро ба корхонаи шоҳибофии "Bukhara Brilliant Silk" рафтем, ки айни замон ба зоти худ ягона маҳсуб мешавад. Ин ҷо ҳамаи марҳилаҳои фаъолият – шурӯъ аз таҳияи пиллаи хом то омодасозии матоъ ва дӯхтани либосу фурӯши он анҷом мешавад. Яъне ҳамаи маҳсулот ба пуррагӣ моли худист. Пилларо аз кишоварзон дастрас карда, аз он ришта кашидаву матоъ истеҳсол мекунанд. Мутахассисони корхона дар рӯйи матоъ нақш меофаранду либос медӯзанд ва онро дар мағозаи назди коргоҳ мефурӯшанд.

Корхона абрешими ресандагӣ, матоъҳои гуногун, куртаю пироҳан, рӯймолу гарданбанд, болишту болопӯш ва дигар маҳсулотро омода мекунад, ки ҳамагӣ аз нахи абрешим ҳастанд. Ҳамзамон дар ин ҷо атлас, шифон, крепдешин ва чандин навъи дигари матоъ ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Аз суҳбат бо роҳбарияти корхона маълум шуд, ки айни замон 99 дарсади маҳсулоти он содирот мешавад.
Сипас дар ҷараёни вохӯрӣ бо ҳайати эҷодӣ ва намояндагони ВАО-и Бухоро гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкориҳои байни хабарнигорони ду кишвар, сафарҳои ҷавобӣ, таҳияи матолиби муштарак ва амсоли ин сурат пазируфт. Роҳандозии иртиботи эҷодӣ, хусусан, бо назардошти сатҳи шарикии стратегии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муфид арзёбӣ шуд.

Бо ҳамин боздид аз "шаҳри мероси башарият" хотима ёфт ва аз Бухоро тавассути қатора ба самти Самарқанд ҳаракат кардем.
Самарқанди қандманд
Маросими пешвози намояндагони расонаҳои тоҷикистонӣ дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд хеле гарму самимӣ буд. Истиқболи мизбонон ва оғӯшкушоии ҳамдигар саҳнаеро пеши рӯ меовард, ки ду бародар ё дӯстони хеле наздик пас аз солиёни зиёд ба дидори ҳам расиданд.
Акс аз торнамои рӯзномаи "Овози Самарқанд"
Ҳамкории расонаҳо
Боздид аз шиносоӣ бо фаъолияти идораи рӯзномаҳои вилоятии "Овози Самарқанд", "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник" оғоз ёфт. Ин се рӯзнома айни замон дар шумори муҳимтарин ВАО-и Самарқанд буда, миёни хонандагон мақому ҷойгоҳи хосса доранд.

Рӯзноманигорони Тоҷикистонро дар назди "Бинои матбуот" бо карнайю сурнай пешвоз гирифтанд. Дар идома аз осорхонаи нашрияҳои мазкур боздид карда, бо намунаи дастхатҳои сад соли қабл, нахустин шумораҳои рӯзнома дар Осиёи Миёна, аксҳои таърихии Устод Айнӣ ва дигар бузургмардоне, ки бо рӯзнома сару кор доштанд, шинос шудем. Ҳайати эҷодӣ анъанаи неки рӯзномадорӣ дар Самарқандро ҳифз карда, ахбори дохилу хориҷ, мавзӯъоти мубрами ҷомеа, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро инъикос месозад.
Худи ҳамон рӯз ба Ширкати телевизион ва радиои Самарқанд даъват шудем, то ин ки дар барномаи "Ҷараён" бахшида ба равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон суҳбат дошта бошем.
Дар ин намоиши телевизионӣ чанд узви ҳайат оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, омӯзишию маърифатӣ ва сайёҳӣ суханронӣ карданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҳар ду ҷониб барои беш аз пеш густариш ёфтани муносибатҳои дӯстона ҳавасманд буда, саҳми хабарнигорон низ дар ин самт назаррас мебошад. Инъикоси касбии масоили ҳамкории байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо шумули ҳамоишҳои соҳибкорону сармоягузорон, равуои сокинон, воридоту содироти молу маҳсулот, чорабиниҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва ғайра барои боз ҳам наздикшавии ҳамсоякишварҳо имкон медиҳад.
Хона-музейи Устод Айнӣ
Яке аз муҳимтарин бахшҳои барномаи сафари Самарқанд боздид аз Хона-музейи Садриддин Айнӣ буд. Мудири он Амриддин Пӯлодов гуфт, ки тибқи нақша таъмири асосӣ ҷараён гирифта, корҳои ободонӣ гузаронида мешаванд.

Устод Айнӣ беш аз 30 сол (аз 1923 то 1954) дар ин ҳавлӣ зиндагӣ кардааст. Он аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду дафтари корӣ иборат буда, асарҳои "Fуломон", "Одина", "Ятим", "Мактаби кӯҳна" ва "Исёни Муқаннаъ" дар ҳамин ҷо офарида шудаанд.

Дар Хона-музей ашё ва ҷиҳози қадимию замони шӯравӣ, лавозимоти худи Устод, осор ва дастхатҳо, намунаи рӯзнома ва маҷаллаҳое, ки дар нимаи аввали асри ХХ ба забони тоҷикӣ нашр мешуданд, осори ба забонҳои дигар чопшудаи Садриддин Айнӣ маҳфузанд.
«СамАвто» пештоз шуданист...
Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиётии "СамАвто" дар шумори бузургтарин коргоҳҳои шаҳри Самарқанд мебошад. Он ба тавлиду бандубасти нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ машғул буда, нақша дорад, ки яке аз пештозони ин самти фаъолият дар ИДМ шавад. Айни замон "СамАвто" беш аз 10 намуди автобус ва боркашҳоро истеҳсол карда, ба бозорҳои Ӯзбекистон ва хориҷи кишвар мебарорад.
Солона дар ин корхона 3000 нақлиёти боркашононӣ ва 1000 мусофиркаши навъҳои гуногун истеҳсол мешавад. Роҳбарияти «СамАвто» нақша дорад, ки барои маҳсулоти корхонаи худ дар Тоҷикистон низ харидор пайдо кунад.
Анъанаи коғазсозии ниёгон
Дар Самарқанд ҳунарҳои мардумӣ тӯли садсолаҳо зинда нигоҳ дошта мешаванд. Яке аз онҳо истеҳсоли коғаз бо усули қадимӣ дар "Конигил Мерос" аст. Онро аз чӯби тут ва бо истифода аз дастгоҳҳои обӣ омода мекунанд. Зимни тамошои коргоҳ маълум гардид, ки маҳсулоти бо усули дастӣ омодашударо барои хушнависӣ, наққошӣ ва ҳатто либосҳои коғазӣ метавон истифода кард.
Рӯзноманигорон ҳамчунин аз "Олами китоби Самарқанд" боздид карданд, ки дар он осори гуногун ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва русию англисӣ дастрас аст.
Дар суҳбати аҳли илму адаб
Шоми ҳамон рӯз вохӯрии ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон бо намояндагони Маркази миллию фарҳангии тоҷикон ва аҳли илму адаби вилояти Самарқанд баргузор шуд. Зимни дидору гуфтугӯ, ки дар назди муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ доир гардид, шоирону нависандагон, омӯзгорону ҳунарпешагон ва хабарнигорони тоҷикзабон гирди ҳам омада, аз шароити эҷодкорӣ, забону адабиёт, вазъи имрӯзаву дурнамои ҳамкорӣ суҳбат карданд.

Дар ин маҳфили шеъру суруд ва табодули андеша зарурати он таъкид гардид, ки рӯзноманигорон ва эҷодкорони ҳар ду кишвар барои боз ҳам наздиктар шудани мардумони ду сӯйи марз талош варзанд.
Дар охирин рӯзи боздиди расонаӣ вохӯрӣ бо муовини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов баргузор шуд. Зимни суҳбат, ки дар дохили муҷтамаи Регистон сурат пазируфт, муовини ҳоким дар бораи ҳамкории вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо вилояти Суғд ва минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу маориф ва сайёҳӣ маълумот дод.
Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут»
Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии "Ургут", ки дар мавзеи ҳаммарз бо Панҷакент ҷойгир аст, бахши ҷамъбастии барномаи боздиди расонаӣ буд.
МОИ «Ургут» 12-уми январи соли 2017 таъсис ёфта, ҷавонтарин минтақаи озоди иқтисодии Ӯзбекистон аст. Ба ҳолати 1-уми июни соли равон дар он 60 сармоягузор ба татбиқи 66 лоиҳа машғул буда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ $231,4 млн. мебошад.
Ба гуфтаи Fайрат Абдураҳмонов, муовини ҳокими ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, дар ҳоли татбиқи пурраи ин лоиҳаҳо наздик ба 5000 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад, ки барои шаҳру вилояти Самарқанд нишондоди баланд маҳсуб мешавад. Вай афзуд, ки соҳибкорон дар МОИ "Ургут" аз 10 навъи андоз ва пардохтҳои дигар ба муҳлати аз 3 то 10 сол озод ҳастанд.

Бо назардошти ин ки МОИ "Ургут" дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст ва роҳи иртиботии заминӣ байни Самарқанду Панҷакент ҳолати хуб дорад, ин минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад дар оянда барои инкишофи робитаҳои тиҷоратии дуҷониба мусоидат кунад.
Масъулини минтақа ҳам бо таъкиди ин масъала ишора карданд, ки аллакай корхонаи муштараки "Urg-Taj" оид ба истеҳсоли риштаи қолинбофӣ таъсис ёфта, ояндаи наздик ба фаъолият оғоз мекунад. Ин корхона солона ба маблағи 2,9 миллион доллар маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.
Иқдоми нек
Боздид аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бахусус, тамошои ёдгориҳои қадимии Самарқанду Бухоро орзуи деринаи на танҳо муаллифони ин матлаби чандрасонаӣ, балки аксари сокинони Тоҷикистон аст.

Имсол бо ташаббуси Мактаби мустақили рӯзноманигории "Тоҷикистон – асри XXI" орзуи як гурӯҳ журналистони кишвар амалӣ гардид. Ташкили ин сафар ба думболи боздиди рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ аз Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 иттифоқ афтод.
Чун мақсади ин боздидҳои расонаӣ "роҳандозии ҳамкорию табодули таҷриба миёни воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мусоидат ба инъикоси робитаҳои мутақобилан судманди ду ҷумҳурии шарики стратегӣ" аст, умедворем, ки имсолу солиёни баъд низ гузоришу матолиби гуногун аз ҷараёни сафарҳои ҳамкасбон дастраси ҳамагон хоҳад шуд.
Таҳиягарони лонгриди чандрасонаӣ:
Назири Нусрат, Сафо Сафаров, Афзал Босолиев, Парвиз Турсунзода
© Мактаби мустақили рӯзноманигории "Тоҷикистон – асри XXI"
© ИмрӯзNews © ASIA-Plus